Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ибни Абдуссалом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Абдуссалом
араб. ар. عبد العزيز بن عبد السلام بن أبي القاسم بن حسن السُّلَمي الشافعي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: фақеҳ, муфассир, муҳаддис
Таърихи таваллуд: 1181
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 4 август 1262(1262-08-04)[1]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Эътиқод: ислом ва ашъарӣ
Самти фаъолият: илоҳиётшиносии исломӣ[d], фиқҳ, тафсир ва илми ҳадис
Устодон: Абулҳафси Суҳравардӣ, Sayf al-Din al-Amidi[d], Faẖr al-Dīn ʿAbd al-Raḥmân ibn Muḥammad Ibn ʿAsākir[d] ва Қосим ибни Асокир[d]
Шогирдон: Ibn Daqiq al-Eid[d], Abu-Shama al-Maqdissí[d] ва Ibn bint al-Iraqi[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд: Викигуфтовард
Вироиши Викидода

Абумуҳаммад Иззуддин Абдулазиз ибни Абулқосим ибни Муҳаммад ибни Муҳаззаби Суламии Димишқӣ, маъруф ба Ибни Абдуссалом ва Иззуддин ибни Абдуссалом (ар. عز الدين بن عبد السلام‎; 1181, Димишқ — 1262, Қоҳира) — фақеҳ ва муҷтаҳиди шофеӣ ва аз уламои бузурги ислом.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таълимоти диниро дар Димишқ, фиқҳро аз Фахруддин ибни Асокир, усулро аз Сайфуддини Омидӣ ва ҳадисро аз Ҳофиз Абумуҳаммад Қосим ибни Асокир фаро гирифт. Соли 1203 ба Бағдод рафт ва пас аз як моҳ боз ба Димишқ баргашт; нахуст дар зовияи Ғаззолӣ ба тадрис ва хитоба пардохт, сипас дар масҷиди ҷомеи умавӣ ба хондани хутба ва тадрис машғул шуд. Вақте амири Шом Солеҳ Исмоил ибни Одил қалъаи Сафадро бе муқовимат ба фарангиён таслим кард, Ибни Абдуссалом онро нодуруст дониста, аз вай интиқод кард ва дар хутба барояш дуо накард. Солеҳ бар Ибни Абдуссалом хашм гирифт ва ӯро зиндонӣ кард. Пас аз чанде Солеҳ Ибни Абдуссаломро озод кард ва ӯ ба Миср рафт. Ҳокими Миср Солеҳ Наҷмуддин Айюб аз Ибни Абдуссалом истиқболи гарм кард ва кори қазо, хутба дар Ҷомеи Амр ибни Ос ва амру наҳйро дар баъзе муҳофазоти Миср ба вай вогузошт, аммо Ибни Абдуссалом пас аз чанде аз тамоми вазифаҳо канора гирифта, ба таълиф, тадрис ва ибодат пардохт. Ибни Абдуссалом дар илму иҷтиҳод ва тақвову ибодат шуҳраи диёри Миср гашта буд. Шахсиятҳои номдоре, ба мисли Ибни Дақиқулъид, Алоуддини Боҷӣ, Тоҷуддин ибни Фиркоҳ, Абумуҳаммади Димётӣ, Абубакр Муҳаммад ибни Юсуфи Масдӣ, Абулаббоси Дишновӣ аз ҷумлаи шогирдони Ибни Абдуссалом буда, аз ӯ ҳадис ривоят кардаанд.

Ибни Абдуссалом ба сиёсат ва тасаввуф низ гароиш доштааст. Вақте Ибни Абдуссалом аз дунё гузашт, мардуми зиёд, ҳатто султон Бейбарс (1223−77) бо мулозимонаш дар намози ҷанозаи ӯ ширкат карданд. Ҷамъият ба қадре бисёр буд, ки Бейбарс ба баъзе атрофиёнаш гуфт: «Имрӯз ҳокимияти ман (бо марги Ибни Абдуссалом) устувор гардид, зеро агар вай аз мардум мехост бар ман қиём кунанд, метавонист ҳукуматро аз ман бигирад». Ҷойгоҳи ӯ дар дили мусулмонон ба андозае буд, ки дар саросари сарзамини Миср, Шом, Маккаву Мадина ва ҳатто Яман чанд рӯз пас аз маргаш намози ҷанозаи ғойиб мехонданд. Ибни Абдуссалом дар баробари пайравӣ аз мазҳаби шофеӣ, ба иҷтиҳод ва таҳқиқ дар масоиле дар сарчашмаҳои аввали шаръ — Қуръон ва Суннат пардохтааст. Ҳар ҷо ки ба сиҳҳати ҳадисе итминон меёфт, ба ҷои фатвои аҳли мазҳаб, агар бо ҳадис носозгор бошад, ба ҳадис амал мекард. Ибни Абдуссалом дар радифи пешвоёни бузурги он мазҳаб, ба мисли Миззӣ, Байҳақӣ ва дигарон, болотар аз Муҳаммади Ғаззолӣ ва Нававӣ қарор дорад. Ӯ дар улуми гуногуни динӣ осори зиёде таълиф кардааст. Номи 24 асари ӯ дар «Ҳадияту-л-орифин» зикр шудааст.

Муҳимтарин таълифоти чопшудаи Ибни Абдуссалом: «ат-Тафсиру-л-кабир», «ал-Илмом фӣ адиллати-л-аҳком» (дар усули фиқҳ), «Қавоиду-л-аҳком фӣ ислоҳи-л-аном» (дар фиқҳ), «Бидояту-с-суъл фӣ тафзили-р-расул», «ал-Ишора ила-л-эҷоз фӣ баъзи анвои-л-маҷоз» (дар мавзӯи маҷозҳо дар Қуръон), «Масоилу-т-тариқат» (дар тасаввуф). «Қавоиду-ш-шариат», «ал-Фавоид», «Тарғибу аҳли-л-ислом фӣ сакани-ш-Шом», «ал-Фатово», «ал-Ғояту фӣ ихтисори-н-ниҳоя», «ал-Фарқу байна-л-имони ва-л-ислом» ва «Мақосиду-р-риоят» аз осори чопнашудаи ӯянд.

  1. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)